Шуъбаи таълим
Шуъбаи таълим дар сохтори МД «Академияи сайёҳӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади танзими раванди таълим таъсис ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Оиннома ва Низомномаи Донишгоҳ ва муассиса фаъолият менамояд.
Мақсад ва вазифаҳои Шуъбаи таълим
- Тибқи нақша раванди таълимро дар МД “Академияи сайёҳӣ” ташкил ва таъмин менамояд
- Дар бобати қонеъ гардонидани талаботи шахсият дар рушди зеҳнӣ, фарҳангию ахлоқӣ бо роҳи додани маълумоти олии касбӣ саҳм мегирад
- Вобаста ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ ба Раёсат таклифҳо пешниҳод менамояд
- Нақшаҳои таълимиро таҳия ва барои тасдиқ ба Шӯрои олимон пешниҳод менамояд
- Ҷиҳати роҳҳои такмил додани дониши назариявию амалии донишҷӯён тадбирҳо меандешад
- Ҷиҳати васеъ истифода намудани технологияи муосир дар раванди таълим чораҳои зарурӣ меандешад
- Рафти иҷрои нақшаи такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисонро назорат менамояд
- Фаъолияти сохторҳои марбут ба қисми таълимро зери назорат қарор медиҳад
- Раванди таълимро мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот зери назорат мегирад
- Соатҳои иловагиро бо мудирони кафедраҳо ба танзим меоваранд
- Фаъолият ва мутобиқати омӯзгорони соатбайъро бо нақшаҳои таълимӣ назорат менамояд
- Фаъолияти омӯзгорони ҳамкорро назорат ва доир ба дурустии нақшаҳои инфиродӣ санҷиш ташкил менамояд
- Тибқи соатҳои вакантии кафедраҳо ҷиҳати гузаронидани озмун пешниҳод менамояд
- Фонди аудитории донишгоҳро ташкил менамояд
- Сарбории омӯзгоронро зери назорат қарор медиҳад
- Иҷрои нақшаҳои таълимии инфиродии омӯзгоронро назорат менамояд
- Татбиқи низоми кредитии таҳсилотро дар факултет ва кафедраҳо назорат менамояд
- Аз рафти ҷараёни имтиҳоноти ҷорӣ, давлатӣ ва хатм назорат мебарад
- Таҳияи барномаҳои таълимӣ, стандарт, силлабус ва курси лексияҳоро дар кафедраҳо назорат менамояд
- Мутобиқати нақша ва барномаҳои таълимиро зери санҷиш қарор медиҳад
Сохтори Шуъбаи таълим
Шуъбаи таълимро сардори Шуъба роҳбарӣ менамояд. Ҳайати Шуъбаи таълимро сармутахассиси Шуъбаи таълим ва як воҳиди мутахассиси пешбар ташкил медиҳад.