Дар бораи кафедра
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ яке аз воҳидҳои муҳими сохтории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Академияи сайёҳӣ буда, фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олӣ, Оинномаи Донишгоҳ, қарорҳои Шурои олимон ва фармоишҳои ректори Донишгоҳ ба роҳ мондааст.
Кафедраи мазкур тибқи қарори Шурои олимони донишгоҳ бо фармоиши ректори Донишгоҳ №1/9.17 аз 30 августи соли 2025 таъсис ёфта, аз рӯзи таъсис то имрӯз фаъолияти худро дар самти таълим, илм, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ ба таври мунтазам амалӣ намуда, зери роҳбарии н.и.п., и.в. дотсент Акрамова Моҳрухсор Ҳамидҷоновна самаранок фаъолият намуда истодааст.
Ҳайати кафедра
Дар соли таҳсили 2025-2026 ҳайати кафедра аз 39 нафар омӯзгор иборат буда, аз ҷумла:
- 11 нафар омӯзгорони доимӣ
- 20 нафар ҳамкорони дохилӣ
- 8 нафар ҳамкорони берунӣ
Аз рӯи вазифа ва дараҷаи илмӣ ҳайати омӯзгорон чунин мебошад:
- 1 нафар профессор
- 13 нафар иҷрокунандаи вазифаи дотсент
- 16 нафар омӯзгори калон
- 16 нафар ассистент
Потенсиали илмии кафедра 46 фоизро ташкил медиҳад, ки имконият фароҳам меорад, то сифати таълим ва фаъолияти илмӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Фаъолияти таълимӣ
Дар кафедра аз рӯи 24 фанни таълимии самти гуманитарӣ дар зиёда аз 25 гурӯҳи академии шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ ба донишҷӯёни курсҳои якум то чорум дарсҳо ба роҳ монда шудаанд. Барои ҳамаи фанҳо барномаҳои таълимӣ, силабусҳо, маҷмӯаҳои таълимию методӣ, бонки лексияҳо, маводи санҷишӣ, супоришҳои мустақил ва саволномаҳои имтиҳонӣ мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия гардидаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил, омӯзгорон аз усулҳои интерактивӣ, технологияҳои муосири таълим, технологияҳои педагогӣ ва воситаҳои рақамӣ васеъ истифода мебаранд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
Фаъолияти илмӣ яке аз самтҳои асосии кори кафедра ба ҳисоб меравад. Омӯзгорони кафедра ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, навиштани рисолаҳои номзадию докторӣ машғул буда, таҳияи монографияҳо, дастури таълимию методӣ, барномаи таълимӣ, мақолаи илмӣ ва даҳҳо маърӯза дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат, омода ва нашр менамоянд.
Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ: масъалаҳои забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, таърихи Тоҷикистон, сайёҳӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, педагогика, усулҳои таълим ва рушди фарҳанги миллӣ мебошанд.
Фаъолияти тарбиявӣ
Кафедра ба корҳои тарбиявӣ диққати махсус дода, чорабиниҳои тарбиявӣ доир ба масъалаҳои зерин гузаронида мешаванд: тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, пешгирии экстремизм, терроризм ва коррупсия, тарғиби фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон.